- пас
- [پس]1. ақиб, пушт, қафо; муқоб. пеш2. сонӣ, баъд, баъд аз он; пас аз… баъди…, баъд аз…; пас аз он баъди он, баъд аз он; аз ин пас, пас аз ин баъд аз ин, минбаъд; як рӯз пас баъди як рӯз; пас андохтан (партофтан) иҷрои кореро ба қафо партофтан, ба таъхир андохтан, дер монондан; пас гардондан а) ба ақиб гардондан; б) гардонда додан (мас., қарзро); пас гаштан баргашта рафтан, ақиб гаштан; пас нишастан ақибнишинӣ кардан (дар ҷанг ё дар масъалае); пас омадан баргаштан, гашта омадан; пас рафтан а) ба қафо рафтан, баргаштан; б) ақиб мондан, таназзул кардан; муқоб. пеш рафтан; пасу пеш рафтан ин тарафу он тараф гаштан3. збш. бе изофа ё бо изофа ва пешоянд ҳамчун пешоянди номии таркибӣ маъноҳои гуногунро ифода мекунад; паси… аз ақиби…, дар қафои…, баъди…; пасу пеш а) пешу қафо; б) пайи ҳам, аз ақиби якдигар; паси ҳам пайи ҳам, пайи якдигар; аз паси… а) аз пайи…; аз қафои…, аз ақиби…; б) аз паи…, барои иҷрои…. ; аз паси ин баъд аз ин; ба (дар) паси… ба ақиби;… ба пушти, ба қафои; дар пушти…: дар паси кӯҳ; пешу пас тарафи рӯю тарафи ақиб4. аз ин мебарояд, ки…, маълум мешавад, ки…, аз ин рӯ, дар ин сурат5. дар охир, оқибат; он гоҳ, он вақт; пас задан (кореро, чизеро) беэътибор гардонидан, кам шуморидан; паси сар кардан (мондан) воқеаро аз сар гузаронидан, марҳилаеро тай кардан; гузашта рафтани ҳодиса; пас мондан қафо мондан, ақиб мондан; паси сар хоридан ҳайрон мондан; ночор шуда мондан; пасу пешро дидан вазъиятро муайян кардан, вазъиятро аз назар гузаронидан ва ба эътибор гирифтан; аз паси касе рафтан ба касе пайравӣ намудан; кори касеро давом додан; дар паси касе будан мададгор будан, ҳомӣ будан; бало ба пасаш! ҳар балое, ки бошад, ба худаш!
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.